Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.

Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта м

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо Анна Бйерде мулоқот намуданд

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Страницы