Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст…
Нашр шуд. Ҷум, 12/06/2020 - 20:27
Шароити ваҳдату ҳамбастагӣ ва суботи устувор, рушди мунтазам, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоӣ дар ватани маҳбубамон барои мавҷудияти неруи сиёсие чун ҳизби диннӣ зарурате боқӣ намондааст. Мавҷудияти созмоне мисли Ташкилоти терористии эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.

«Мардуми Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд.
Дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Субҳиддин Зиёев ва Фирдавс Мирзоёров тааллуқ дорад, хонда, ба сомонаҳое, ки муаллифон зикр кардаанд (аз қабили Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет ва амсоли инҳо) муроҷиат карда, то хеле ба худ наомадам», - навиштааст зимни як нигориш директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА.



