Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Нашр шуд. Сеш, 17/09/2019 - 12:4417 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.





