Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.

Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот  назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск боздид намуданд

29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии корхона намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Корхонаи истеҳсоли тракторҳо муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши истеҳсоли трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бунёди чунин корхонаҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск дар назди Муҷассамаи «Ғалаба» гулчанбар гузоштанд

28 июн дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари дӯсти Беларус дар шаҳри Минск дар назди Муҷассамаи «Ғалаба» гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони роҳи озодиро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ҳамроҳӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Сангвор

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

Страницы