Китоби «Телевизион ва психологияи инсон» аз таърихи Телевизиони Тоҷикистон ҳикоят мекунад

Нашриёти «Истеъдод» китоби Рафоати Абдусалом, аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистонро бо номи «Телевизион ва психологияи инсон» аз чоп баровард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб бо сифати баланд ба нашр расида, барои алоқамандони телевизион, рўзноманигорони садову симо ва донишҷӯён туҳфаи арзанда мебошад.
Китоби мазкур аз пешгуфтор ва чор боб иборат буда, муаллиф доир ба таърих ва ташаккулёбии Телевизиони Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиаш ба хонандагон маълумоти мукаммал пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, дар ин китоб доир ба шахсияти журналист, забони журналистика ва жанрҳои публитсистӣ ибрози назар шуда, мааллиф баъзе афкори худро барои ҷалби диққати хонанда бо аксҳо баён намудааст.

Санҷиши нақшавии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши нақшавии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 18 ва зербанди 5 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 25 декабри соли 2015 таҳти №1296, вобаста ба назорати риояи пахши барномахои телевизиони ва радио, истехсол ва ё интишори маводи овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ

«Диққат, диққат, ин ҷо…» Аввалин бор Радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 садо дода буд

Аввалин маротиба 10 апрели соли 1930 садои Радиои Тоҷикистон бо ибораи «Диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон ва Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар фазои пойтахти Тоҷикистон паҳн гардида буд. Аввалин наттоқи ин радио Агрепина Рженовская аз рӯзи аввал бо садои буррои худ ба дили шунавандагон ҷой гирифт.
Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб карда шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

«Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни

Страницы