Ахбор
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 10/09/2024 - 09:27Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд
Нашр шуд. Шан, 07/09/2024 - 16:436 сентябр дар шаҳри Москва китоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд, дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Москва» баргузор гардид, дипломи озмун ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф супорида шуд.
Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ Ибни Сино бо тарҳи зебо ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.