Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чехия
Нашр шуд. Чор, 26/11/2014 - 12:10Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан, ки шоми дирӯз ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, дар назди Қасри Миллат баргузор шуд. Ба ин муносибат дар саҳни қаср ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земанро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари