Қабули эътимоднома аз сафирони нави 10 давлати ҷаҳон
Нашр шуд. Сеш, 18/11/2014 - 13:38Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Сафири