Нақшаҳои азими ду кишвари ҳамсоя ва имкони воридшавии 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 13/09/2014 - 21:40Нимаю дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки дар рафти сохтмони ин иншоот ва татбиқи амалии ҳамаи санадҳои миёни