Оғози боздид аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон
Нашр шуд. Якш, 12/10/2014 - 14:02Субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною