Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Дониёркули ноҳияи Бохтар

Омӯзгорон ва падару модарони арҷманд!
Фарзандони азиз!
Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани як қатор иншооти нав, аз ҷумла ду муассисаи тандурустӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоати Бустонқалъа гардидем, ки аз татбиқи тадбирҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.

Гузоштани санги асоси мактаб-интернат ва мулоқот бо роҳбарияту мардуми ноҳияи Қубодиён

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд меёбад.

Шиносоӣ бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии Навбаҳори ноҳияи Қубодиён

Дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии Навбаҳор бевосита шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 га пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.
Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби

Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави замонавӣ дар маркази ноҳияи Қубодиён

Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона

Страницы