Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетовро ба ҳузур пазируфтанд
Нашр шуд. Ҷум, 31/01/2025 - 16:1929 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид.









