Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии газ «Осиёи Марказӣ - Хитой»

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тсинпин!
Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мо шоҳиди воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва таърихӣ – маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон мебошем.
Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» як сол қабл дар

Суханронӣ дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази гармию барқи «Душанбе - 2»

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Тсинпин!
Дӯстони азиз!
Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони хитоии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан

Бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ташриф овардааст.

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Страницы