Ахбор
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Ҷум, 23/08/2024 - 18:08Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд
Нашр шуд. Ҷум, 23/08/2024 - 18:06Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор»
Нашр шуд. Сеш, 20/08/2024 - 14:19Муҳтарам ҷаноби Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Олиҷанобон,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҳиндустон барои баргузории ин чорабинии муҳим, Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб арзи сипос намоям.
Мо нишасти имрӯзаро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир медонем.
Дар воқеъ, ҳамаи минтақаҳои дунё бо шумули ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар як марҳилаи душвор қарор доранд.
Маҳз аз ин рӯ, минтақаи фарохи Ҷануб ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.
Ҳозирини муҳтарам,