Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон
Нашр шуд. Якш, 08/06/2014 - 08:5805.06.2014 11:16, шаҳри Душанбе.
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки даври дуюми интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар фазои мусоид ҷараён гирифта, боиси таҳкими бештари амну суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.