Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми «Садои ҷаҳони Ҷануб» иштирок ва суханронӣ намуданд

17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки дар мавзӯи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардида, дар бораи мушкилот, афзалиятҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷаҳони Ҷануб, бахусус барои таъмини рушди устувор пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон Абдуфатоҳ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Страницы