Мулоқот бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.
Ҳарду аз ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар

Маркази матбуотӣ дар КМТ фаъол аст

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда ташкил шудааст.
Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни баргузории ҷаласаҳои он, таҳияи мақолаю

Созмони ҳамкории Шанхай ва дастовардҳои Тоҷикистон

Даҳаи аввали асри 21 –ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳо рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкориҳо хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад, баъзе аз мушкилот ва қазияҳоро бартараф намояд.
Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз

Душанбе - маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсӣ

Ду рӯзи оянда шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Дар ин ҷо рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, Душанбе мизбони сарони даҳ кишвари ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мегардад.
Назар ба иттилои Абдулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби сарони кишварҳои ин созмони муътабар маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо хоҳанд расид.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардонида шуда, тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар дар ҳолати омадабош қарор доранд. Инчунин дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз ҷодаю хиёбонҳои асосии Душанбе маҳдуд ва дар соатҳои зарурӣ пурра қатъ гардонида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Страницы