Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Нашр шуд. Ҷум, 31/01/2025 - 16:1227 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи рушду пешравии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.









