Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Ситораи тоҷ» ва ҶДММ «Лидер»-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Сеш, 10/09/2024 - 15:339 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.









