Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд
Нашр шуд. Шан, 07/09/2024 - 15:005 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои «Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Шан, 07/09/2024 - 14:585 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Шан, 07/09/2024 - 14:565 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор д









