Ахбор

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 январи соли 2025
№911

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари заминларзаи харобиовар боиси андӯҳи инҷониб гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 январи соли 2025

 

Страницы