Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 20:2514 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.
Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд.
Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.
Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок карданд.