октябри 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Фархор ба бунёди Қасри фарҳанг санги асос гузоштанд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, бинои Қасри фарҳанг 3-ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд

Субҳи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадр — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо самимияти хос

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул»-ро ба истифода доданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат,

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонида дар Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» оғоз мегардад.

Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил менамоянд.

Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноати ғизоии Русия доир шуда, танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии «Экспоцентр» мебошад.

Дар намоишгоҳи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» беш аз 9 корхонаи истеҳсолии Русия иштирок менамоянд.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин намоишгоҳ пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистон ва Эрон ва дар ин зимн ҳамкории ду давлат дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдид ва хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти муқовимат ба зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Ду давлат аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ намуданд.

Имрӯз бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад

Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ  зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин имрӯз, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвораи бузург бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин синамоҷашнвора баргузор мешавад.

Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил гардид

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати мамлакат ва бо дастгирии роҳбарияти ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Ғурфаи Тоҷикистон аз 800м2 боғи дарахту гулҳо ва 50м2 бино иборат буда, дар дохили он молу маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ -сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имконияти сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Ғурфаи мазкур дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023», ки байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия 13 сентябри соли 2022 ба имзо расида буд, ташкил гардид.

«ДУРАХШИ АХТАРОН -ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филме, ки бо ташаббуси Президентони Тоҷикистон ва Узбекистон ба навор гирифта мешавад

Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ёдовар шудан бомаврид аст, ки айни замон банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон — Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Тоҷикистон идома дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коргардони  ҷавон Файзулло Файз, ки  ба кори банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон -Ҷомӣ ва Навоӣ» машғул мебошад,  дар бораи рафти таҳияи ин филм  суҳбат  намуд.

Номбурда иброз дошт, ки  ин филми таърихӣ  бо ташаббуси Президентони Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба навор гирифта мешавад. Баъд аз ин «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» тасмим гирифтаанд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, аз пайи амалӣ намудани ин идея шаванд.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба ҳайси коргардони  филми мазкур  Файзулло Файз  интихоб шудааст.

Имрӯз Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ мегардад

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 16 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин Синамоҷашнвора баргузор мешавад.

Ба иттилои масъулин, дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

Дар Душанбе ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд

14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тазаккур дод, ки ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат»  ва «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҷашни Меҳргон пуршукуҳ таҷлил шуд

14 октябр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кишоварзон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил менамуданд. Бинобар ин Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз имконияту шароити мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид ва сокинон тавонистанд бо нархҳои дастрас молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ намоянд.