Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯйдоди сарнавиштсоз
Нашр шуд. Душ, 13/11/2017 - 09:33
«Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.
Ифтихор аз он, ки маҳз ҳамин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.
Масъулияти бузург дар он зоҳир мегардид, ки мо вазифаҳои муҳиму таърихии ба дӯшамон вогузор намудаи ин иҷлосияи сарнавиштсозро бояд иҷро мекардем.
ба шарофати иҷлосия ин рисолати таърихӣ иҷро гардида, давлатдории миллиамон аз вартаи фалокатбор раҳо ёфт. Танҳо худи ҳамин далел басанда аст, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакатро аз муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем.
Омили муҳимтарине, ки бе он давлату давлатдорӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин тамомияти ҳудудӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати нави тоҷикон ба миён гузошта шуда буд…
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд. Ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошта шуд».
Иқтибос аз суханрониҳои
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон