Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд

6 сентябр дар шаҳри Москва китоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд, дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Москва» баргузор гардид, дипломи озмун ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф супорида шуд.

Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ Ибни Сино бо тарҳи зебо ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии «Санъати Китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва натиҷаи он дар шаҳри Москва эълон гардид. Озмун аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба он ноширони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсули кори хешро пешниҳод намудаанд.

Китобҳои дигари ноширони тоҷик дар ин Озмуни байналмилалии китоб соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳо шудаанд.