Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳоти Булёни поён ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар мудати як моҳ омода карда шуд.

Бинои муассиса як ошёна буда, дорои 3 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи хоб барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 100 нафар фарзандони сокинони деҳаҳои «Дурахшон — 1» ва «Булёни поён» пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз ошхона ба 25 ҷои нишаст, хонаҳои машғулиятгузаронӣ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст.

Таълиму тарбия дар муассиса бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон забонҳои хориҷӣ низ омӯзонида мешавад.

Кӯдакистон ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия нақши муҳим мебозад.

Лозим ба таъкид аст, ки соҳибкорону дигар ашхоси ватандӯсти ноҳияи Данғара иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.

Ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди ноҳия баробари дигар иншооти ҳаётан муҳим 4 кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд муассисаи дигари томактабӣ бунёду омода хоҳад шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ таъсиси чунин кӯдакистонҳоро дар деҳот омили муҳими ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ карданд.