Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ дошт.
Сарвазири Россия аз номи Ҳукумати кишвар ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти нек баён кард.
Дмитрий Медведев саҳми шахсии муҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ тазаккур дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо собиту таъйид намуданд.
Ҷонибҳо дар он маврид ҳамақида буданд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо дархури манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Россия мебошад.
Суҳбати телефонӣ дар фазои самимияту эътимод сурат пазируфт.