Идораи телевизион ва радиои ВМКБ
Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як бахши кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. То соли 1975 танҳо радио фаъол буд. Моҳи апрели соли 1991 дар ВМКБ телевизиони маҳаллӣ таъсис дода шуд, ки минбаъд ҳам тариқи телевизион ва ҳам радио барномаҳо пахш мешуд.
Соли 2010 бо кӯмаки Кумитаи телевизион ва радио дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ як бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири рақами барои кормандони телевизиони маҳаллӣ дода шуд.
То соли 2010 мӯҳлати пахши барномаҳо се соат буд. Ҳоли ҳозир телевизион ба муддати 8 соат аз соати 19 то 2 – и нимашаб барномаҳои худро намоиш медиҳад, ки субҳи ҳамон рӯз барномаҳо такроран пахш мегарданд.
Инчунин, ба барномаҳои телевизион ба ҷуз сокинони шаҳри Хоруғ мардуми Шуғнон низ дастрасӣ доранд. Сокинони сарҳадии Бадахшони Афғонистон низ бо барномаҳои телевизионии шаҳри Хоруғ фаро гирифта шудаанд.
Фарогирии аҳоли бо барномаҳои радиоӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд.
Феълан Идораи радио ва телевизиони ВМКБ ягона манбаи иттилоърасонии электронӣ дар ҳудуди вилоят ба шумор рафта, хабару гузоришҳои саривақтӣ ва муътамадро ба тамошобинони худ намоиш медиҳад.
Телевизиони маҳаллӣ барномаҳои худро бо забони давлатӣ пахш менамояд. Радиои вилоятӣ як соати барномаҳои худро бо забони русӣ пахш мегардад.
Идораи телевизион ва радиои ВМКБ дар кӯчаи Ленин 51 – и шаҳри Хоруғ воқеъ гардидааст.
Суроғаи электронӣ: tvbadakhshon@gmail.com