Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ
Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ яке аз зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вазифаи маъмурият тибқи низомнома ба қарори зайл аст:
1. Ташкили кори гурӯҳҳои ҳунармандонро баробар тақсим намуда, аз рӯйи нақша ва иҷрои кори гурӯҳҳо назорат мебарад.
2. Тартибу низоми кориро мустаҳкам намуда, аз вақт ва соатҳои корӣ назорат мебарад.
3. Шароити хуби кори фароҳам оварда, дархосту хоҳиши ҳунармандонро дар назар мегирад.
4. Барои пешравии кори эҷодкорон ва баланд бардоштани савияи дониши ҳунармандон соатҳои машқӣ ва рӯзҳои сабт ташкил намуда, бинои корӣ ва бо маводи зарурӣ таъмин намудани ҳунармондон (бар зиммаи инспектори ансамбл) ба ӯҳда дорад.
5. Рӯзҳои консерт ҳунармондонро бо сару либоси консертӣ ва маводҳои адворӣ таъмин намуда, шароит барои ҳифз ва ва нигоҳубини асбобҳои машқӣ фароҳам меоаврад.
(вазифаҳои дигари маъмуриятро низомномаи он муайян ва пешбинӣ намудааст).