Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд
Нашр шуд. Чор, 24/10/2018 - 13:19
Муҳтарам намояндагони аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд!
Устодону омӯзгорони гиромӣ ва фарзандони азиз!
Дар ҷараёни сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадани ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ далели таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватанамон мебошад.
Зеро маҳз соҳаи маориф барои таълиму тарбияи шоистаи фарзандони мардуми куҳанбунёдамон, омода намудани кадрҳои болаёқату соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, созандаву ободкор ва муҳимтар аз ҳама, насли давомдиҳандаи кору пайкори халқи шарафмандамон мақоми аввалиндараҷа дорад.
Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мешаванд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги миллатамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву ойини ватандорӣ мегиранд ва маҳз ба шарофати мактабу маориф минбаъд дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.
Муассисаи нави таълимие, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар заминаи муассисаи таълимие бунёд гардидааст, ки ҳанӯз як аср муқаддам, яъне соли 1918 ҳамчун мактаби таҷрибавии меҳнатӣ таъсис ёфта, баъдан, соли 1924 дар он барои 570 нафар хонанда бинои алоҳида бунёд карда шуда буд.
Муассисаи мазкур аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимие мебошад, ки нахустин хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, наслеро ба воя расонидааст, ки минбаъд дар таъсису ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.
Шахсиятҳои маъруф, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва олимони номдор, аз қабили академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, Ҷаббор Расулов, нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва чандин нафар олимону табибони машҳур дастпарварони ҳамин мактаб мебошанд.
Шонздаҳ сол пеш бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба низоми нави таҳсилот мутобиқ гардонидани сифати таълиму тарбия ба муассисаи таълимӣ мақоми гимназияро дода, номи яке аз маорифпарварони шинохтаи халқамон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба он гузошта шуд ва ин боргоҳи илму маърифат имрӯз аз рӯи равияҳои гуманитарӣ фаъолият мекунад.
Бо дарназардошти он, ки бинои пешинаи муассиса зиёда аз навад сол хизмат карда буд ва ҳамзамон бо ин, шумораи хонандагон низ сол ба сол зиёд мегардид, зарурати бунёд кардани бинои наву замонавӣ ба миён омад.
Аз ин лиҳоз, моҳи январи соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат сохтмони бинои нави гимназия оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин бо беҳтарин шароити таълиму тарбия ба анҷом расонида шуд.
Ба ин муносибат, яъне ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани гимназияи навбунёд ҳамаи омӯзгорону хонандагон, аҳли маорифи шаҳр, падару модарон ва сокинони шаҳри Хуҷандро табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки барои дар муддати бисёр кӯтоҳу бо сифати баланди меъморӣ бунёд кардани он заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Муассиса аз се ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва дорои 31 синфхона, аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, технологияҳои иттилоотӣ, лингофонӣ, китобхона, маҷлисгоҳу ошхона, яъне шароити сатҳи дараҷаи олӣ мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки доим таъкид менамоям, дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технология баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ба роҳ мондани усулҳои пешрафтаи таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир дар вилояти Суғд ба ин масъала эътибори зарурӣ дода мешавад.
Маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф ва муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақому ҷоизаҳои ифтихорӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2017-2018 139 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, ки ин натиҷаи хуб мебошад.
Ҳамчунин, дар олимпиадаҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ баргузор гардидаанд, шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят фаъолона иштирок карда, беш аз 200 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо шудаанд.
Бо вуҷуди ин, дар вилоят имкониятҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дарёфту тарбия кардани истеъдодҳои ҷавони лаёқатманд хеле зиёданд.
Дар ин самт, зарур аст, ки роҳбарони соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро тақвият бахшида, онҳоро бо мутахассисони кордону ташкилотчӣ ва шароити хуби корӣ таъмин намоянд.
Дигар масъалаи ҳалталаби соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сари вақт ва мақсаднок амалӣ намудани талаботи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ба шумор меравад.
Тибқи маълумот то имрӯз дар ҳудуди вилоят дар доираи барномаи зикршуда ҳамагӣ 20 муассисаи таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки чунин вазъ барои азхудкунии донишҳои назариявӣ ва амалӣ нокифоя мебошад.
Ҳангоми баррасӣ ва қабули барномаи мазкур дастур дода будам, ки барои татбиқи босифати барнома собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимие, ки ҳоло аъзои Ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони муваффақ ва умуман, дорои имкониятҳои молиявӣ мебошанд, ҷалб карда шаванд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда татбиқи барномаи зикршударо дар муҳлати муқарраршуда таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат шароити муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд торафт беҳтар шуда истодааст.
Дар ин раванд, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои 3400 нафар хонанда ба маблағи умумии 325 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи нақша то охири соли равон дар вилоят боз 47 иншооти нави соҳаи маориф бо муҳайё сохтани 7 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, хотирнишон месозам, ки дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи вилоят кор дар самти ҷалби бахши хусусӣ ва тоҷирону шахсони саховатманд ба бунёди муассисаҳои таълимӣ боз ҳам тақвият мехоҳад.
Ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба вилоят таъкид карда будам, ки иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, ки тибқи он дар вилоят бунёди 280 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Зеро ҳоло дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 44 муассисаи томактабӣ ва 24 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти аҳолӣ ба чунин муассисаҳо хеле кам мебошад.
Мувофиқи маълумот дар вилоят аз 46 бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ дар 33 муассиса то ҳанӯз корҳои сохтмон оғоз нагардидаанд ва муассисаҳои таълимии вилоят, дар маҷмӯъ, ба 406 синфхонаи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.
Илова ба масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия зарур аст, ки дар самти таъмини фароғати наврасону ҷавонон низ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Ҳарчанд ки дар вилоят истироҳатгоҳҳои “Бистсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Шоҳин” ҳамчун муассисаҳои намунавӣ барои хонандагони мактабҳо фаъолият доранд, вале бо дарназардошти талаботи мунтазам афзоянда бояд истироҳатгоҳҳои дигар шаҳру ноҳияҳо низ таъмиру навсозӣ гардида, фаъолияти онҳо дар ҳамаи фасли сол ба роҳ монда шавад.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ин самт ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият бахшида, барои иҷрои саривақтии барномаи зикршуда ва таъмини истироҳату фароғати хонандагон чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимии таъмирталабу садамавӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат бахшида шаванд.
Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки маҳз баланд бардоштани савияи донишу маърифат, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар зеҳни наврасону ҷавонон ташаккул додани ҷаҳонбинии васеъ ва ҳушёрии сиёсӣ метавонад ба пешгирӣ кардани гароиши онҳо ба ҳар гуна мафкураи бегона ва зуҳуроти нангин, аз қабили терроризму ифротгароӣ мусоидат намояд.
Дар шароити пурихтилофи ҷаҳони имрӯза, ки ҳар лаҳза дар ҳоли дигаргуншавӣ қарор дорад, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани ҷавонон, дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба миллату давлат, хизмати содиқона ба халқ ва иззату эҳтиром нисбат ба падару модарон ва калонсолон тарбия кардани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо – калонсолон, аз ҷумла аҳли маориф мебошад.
Вобаста ба ин, аҳли маориф ва устодону омӯзгорон вазифадоранд, ки дар ҳамкории доимӣ бо падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ташаббускору пешсаф бошанд.
Итминон дорам, ки ҳайати омӯзгорони ин муассисаи нав бо истифода аз шароити муосири таълим минбаъд ба масъалаҳои вобаста ба омӯзонидани илму дониш, густариши ҷаҳонбинӣ ва одобу ахлоқи шогирдон эътибори ҷиддӣ дода, дар роҳи ба воя расонидани онҳо ҳамчун насли ояндасози кишвар заҳмати софдилонаи худро дареғ намедоранд.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки гимназияи нав ба номи яке аз нависандагони маҳбуби тоҷик Раҳим Ҷалил гузошта шавад.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо, омӯзгорону шогирдони азиз ва аҳли маорифи шаҳри Хуҷандро ба муносибати ифтитоҳи гимназияи навбунёд табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба хонандагони ин боргоҳи илму маърифат таҳсили хубу аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!