Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
Нашр шуд. Душ, 05/11/2018 - 11:31
5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.