Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкими дӯстии байни халқҳо мебошад

Имрӯз, 7 июл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳоикории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост» баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Нахуст ҳайати фарҳангии Русия аз утоқҳои дастхатҳо, китобҳои қадимаи адибони классики тоҷик дидан карда, бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуд.

Сипас, вобаста ба ҳамкорӣ дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо ибрози назар карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ, сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шуруъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»