Тамошои Кӯлоб
Нашр шуд. Пан, 03/12/2015 - 09:59
Шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷуҳи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда мавҷуданд, ки ҳанӯз дар асрҳои IX-VII - пеш аз мелод дар Осиёи Миёна маълум буданд. Кӯлоб аз шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯзи, таърихи рангину кадима дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл, Хуталлон) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихӣ кишваре буд, ки дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш воқеъ буд.Ва шоҳони он тибқи маълумоти Ибни Хурдодбеҳ лақаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд…
Маълумоти муфассалро аз тамошои барномаи «Тамошои Кӯлоб» дарёфт хоҳед кард.