Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон»
Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми августи соли 2006 – ум, таҳти №350 таъсис дода шуд. Нахустин маротиба санаи 4 – уми сентябри соли 2006 - ум барномаҳои худро пахш кард.
Самт, мақсад ва вазифаҳои асосии «Телевизиони Баҳористон» ин тарғиби самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, санъат, маориф, варзиш ва ғайра барои кӯдакону наврасон, мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ ва ошно намудан бо арзишҳои фарҳангии милливу ҷаҳонӣ, инкишофи маҳорати эҷодӣ, тарбияи башардӯстӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати кӯдакону наврасон, таҳия ва паҳн намудани барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ оид ба ҳуқуқҳҳои кӯдакон, риоя ва ҳимояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, бозиҳои варзишӣ, озмунҳо, викторинаҳо, шоу - консертҳо ва фарогири эҷодиёти кӯдакону наврасон мебошад.
Инчунин, барои дар сатҳи баланди касбӣ, босифат таҳия намудани лоиҳа ва барномаҳои калонҳаҷм Муассиса ба тариқи шартнома мутахассисони соҳаҳои гуногунро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.
Пахши барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» 76,93 фисади масоҳати ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
Сомонаи Муассиса дар шабакаи байналмилалии Интернет www.tvb.tj аст.