Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ
Нашр шуд. Шан, 04/10/2014 - 14:23
Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ба ифтихори ин ҷашнҳои бузург дар толор роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли илму маърифат ва зиёиёни эҷодкори кишвар ҷамъ омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва аҳли толорро бо ин ҷашнҳои бузург табрику таҳният гуфта, бо сарфарозӣ изҳор дошт, ки мардуми кишвари мо Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро “бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таҷлил менамоянд”.

Зиёиёни муҳтарам ва меҳмонони арҷманд!
Ҳамватанони азиз!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:



