Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»
Нашр шуд. Якш, 28/01/2024 - 13:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада ёдовар шуданд, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он, рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб менамоянд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.
Сарвари давлат илова намуданд, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.
«Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор менамуданд, иброз доштанд Сарвари давлат. — Яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад».

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.
Имрӯз, 28 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».




