Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия
Нашр шуд. Пан, 23/11/2023 - 08:33
Имрӯз, 22 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва мулоқотҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия идома ёфтанд.

Ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия маълумот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро муносибатҳои мутақобилан судманди таърихию фарҳангӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар давраҳои дарози таърихӣ бо ҳам мепайванданд ва ин муносибатҳо марҳила ба марҳила сифати нав касб намуда, ба манфиати ду миллати бо ҳам дӯсту бародар рушду нумуъ меёбанд.



