Ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
Нашр шуд. Сеш, 03/10/2023 - 07:48
2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро...


Дар рӯзи ҳаштуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 муштзанони тоҷик ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд. Гарчанде дар ин рӯз Шоира Зулқайнарова дар вазни то 66 кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг тавонистанд, ки пирӯзӣ ба даст оварда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро соҳиб шаванд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Имсол ин сана ба 1 октябр рост омад. Бо дарназардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат бо гузаронидани ҳамоишу маҳфилҳои гуногун доир мегардад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ректори Донишгоҳи давлатии



