Ахбор

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёӣ иштирок менамоянд, мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ иштирок менамоянд, вохӯрӣ анҷом доданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Чин доир гардида, дар он  варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ хоҳад намуд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки варзиш яке аз василаҳои пайвандгари халқу миллатҳо буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ он ҳамчун ҷузъи муҳими низоми арзишҳои фарҳангии халқу миллатҳо баромад менамояд ва давлатҳои ҷаҳон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри муаррифии рукнҳои фарҳангии худ ва ҳифзи манфиатҳои миллиашон талош меварзанд.

Тангаҳои намунаи соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тангаҳо бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ андешида шудааст.

Тибқи қарори мазкур, муқаррар шудааст, ки тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 20 ва 50 дирам, барориши соли 2023 дар қатори тангаҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ — ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ёдгориҳои «Зарафшон – Қароқум» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Страницы