Ахбор

«СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир карда шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои миллӣ ва ҳувияти занон дар таълимоти Пешвои миллат» байни собиқадорон, коршиносон, олимону сиёсатмадорон ва фаъолзанону ҷавонон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни он тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлатии занону духтарон  дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Иброз гардид, ки дар бораи зан-модар ва мақоми ӯ дар ҳаёти башар бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи давлатӣ, сиёсатмадорони номӣ ва олимони баргузида зиёд гуфтаанд. Дар тӯли асрҳо ва мавҷудияти насли башар зан-модарро гоҳ бо ситоишҳои зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирифтори хориву залолат гардонидаанд, нисбат ба ӯ гоҳ шафқат ва гоҳ бешафқатӣ зоҳир намудаанд.

Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳайати Австрияро ҳамраиси Комиссия, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг роҳбарӣ намуданд. Дар нишасти мазкур намояндагони расмии мақомоти давлатии дуҷониб ва доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон ҳузур доштанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва  рақамикунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Боку дар нишасти сатҳи баланди Ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок намуд

2 март дар шаҳри Боку нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд оид ба мубориза бо бемории COVID-19 баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбари ҳайтаи Тоҷикистон бо ишора ба таъсири манфии бемории COVID-19 ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, зарурати идомаи кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба кишварҳои осебпазири Ҷунбиш, хусусан дар самти таъмини занҷира ва амнияти озуқаворӣ таъкид кард.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳаммияти иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти мудирият ва таъмини дастрасӣ ба захираҳои об ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки аз имконияти фароҳамовардаи ин ташаббусҳо ба мақсади густариши ҳамкорӣ дар самти об ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим истифода намоянд.

TASHKENT GRAND SLAM. Ҷудочии тоҷик Эмомалии Нуралӣ медали тилло ба даст овард

Имрӯз дар пойтахти Узбекистон мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2023» оғоз гардид, ки дар он 13 варзишгари тоҷик иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочии тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло ба даст овард. Барои баромадан ба финал Эмомалии Нуралӣ бар варзишгарон аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса пирӯз шуд.

Дар финал Эмомалии Нуралӣ ҷудочии узбек Сардор Нуриллаевро мағлуб кард.

Барои варзишгари дигари мо Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг мусобиқа дар даври 1/8-финалӣ ба анҷом расид.

Страницы