Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баргузор намудани чор озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд
Нашр шуд. Шан, 04/02/2023 - 18:45
3 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Амрҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад, инчунин амрҳои Сарвари давлатро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо арзёбӣ намуд.


Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
Субҳи имрӯз пас аз бартараф кардани пайомадҳои тарма роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои нақлиёти сабукрав кушода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.



