Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.

Ба истифода додани бинои чорошёнаи иловагии раёсати ВКД дар вилояти Суғд

15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.

Дар бинои нав тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кормандони мақомоти милитсия фароҳам оварда шудааст.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бинои “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, муҷаҳҳазсозии он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои наздики 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.

Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Страницы