Ахбор

ХАБАРИ ХУШ! Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд

Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 1 декбар дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.

Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристонида шуд

1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ҳовар».

Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ  ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ  дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида,  дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда,  маблағи 19  миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор шуд

30 ноябр дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Словения ва созмони «Geneva Water Hub» ташкил карда шуда, меҳвари он ба баррасии масъалаҳои обу сулҳ ва робитаи онҳо бо Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» равона шуда буд.

Зимни ҳамоиш Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов ва Роҳбари раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейҷден ба ҳайси мизбонони Конфронси СММ оид ба об, ки соли 2023 дар ш. Ню-Йорк доир мегардад, суханрониҳои ифтитоҳӣ намуданд.

Страницы