Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро ба истифода дода, бо корҳои таҷдиду навсозии иншоот шинос шуданд

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.

Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал се агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешаванд. Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии неругоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати неругоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд. Таъмири дарбандҳои бефи поëн ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст. Агрегати №1-и неругоҳ пурра таҷдид шуда, давоми се моҳи охир дар озмоиши истифода қарор дошт.

Имрӯз агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифта, фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Иштирок дар Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори Конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд.

Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор шуда, он идомаи мантиқии “Раванди Душанбе” мебошад, ки моҳи майи соли 2018 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Чорабинии сатҳи баландро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ифтитоҳ кард.

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита: ҷамъбасти фаъолият дар нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022

Имрӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раёсати кумита, роҳбарони сохторҳо, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, сармуҳаррирону мудирони шуъбаҳои шабакаҳои телевизион ва радио иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома дар маҷлис як масъала, фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи охири соли 2022 баррасӣ шуд.

Китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Пешвои миллат ғолиби озмуни байналмиллалии ИДМ гардид

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  натиҷаи озмуни 7-уми байналмилалии кишварҳои иштирокдори  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Санъати китоб», ки аз ҷониби Шўрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуда буд,  эълон гардид.

Дар озмун 155 асар аз 11 давлат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи  Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуд.

Ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба китобҳо аз рўи  9  номинатсия, аз қабили «Иттиҳод», «Кишвари ман», « Китоб  барои  кўдакон ва наврасон», «Ҳамзамони мо», «Илм ва ҳаёт», «Китоби бадеӣ», «Гран-При» ва «Ғалаба» баҳо доданд.

Китоби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе соли 2009 ба чоп расидааст, дар номинатсияи «Илм ва ҳаёт» ғолиби озмун эълон  карда  шуд.

Страницы