Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 16/09/2021 - 08:55
15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.



Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, кормандони масъули дастгоҳ ва сохторҳои кумита иштирок намуданд. Нахуст Раиси Кумита ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо ҷашни фархундаи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳимашон устуворӣ, садоқатмандӣ ва комёбӣ таманно кард.



