Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 08.09.2021
Нашр шуд. Чор, 08/09/2021 - 20:55
Бино ба иттилоои шабакаи телевизионии Евронюс дар шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ғазнӣ ва дигар шаҳру вилоятҳои Афғонистон ба ҷонибдории Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон дар Панҷшер, ки роҳбарияшро Аҳмад Масъуд ба уҳда дорад гирдиҳамоиҳо доир мегарданд. Шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон ҳамоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи маҳаллии «Герат таймс».
Сокинони шаҳрҳо ҳамин тавр ба ҷабҳаи муқовимат, ки ба ҳаракати радикалии “Толибон” итоат намекунад, изҳори ҳамбастагӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки афғонҳо дар Кобул даъвати роҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъудро барои муқовимат бо толибон, инчунин зидди сиёсати мақомоти Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунад, дастгирӣ карданд. Илова бар ин, эътирозҳои мардумӣ дар музофоти марказии Дайкундӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот дар шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон баргузор шуданд.
Бино ба иттилои як расонаи дигари афғонӣ- “Афғонистон таймс”, раҳпаймоии оммавӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар- Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли кишвар баргузор шуд. Эътирозкунандагон бо овози баланд «Зинда бод Аҳмад Масъуд!» нидо карданд. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми ҳодисаҳои эътирозӣ ягон воқеа нохуш рух надодааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки собиқ сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил эътирозгаронро ҷонибдорӣ намуд.
Муҳтарам кормандони соҳаи телевизион ва радио,
Имрўзҳо мардуми шарифи Ватани азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва ойини бостонии миллӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат фарорасии ин ҷашни муқаддаси миллиамонро аз номи роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо самимона табрик мегўям.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.
Пеш аз ҳама, заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ гузошта шуда, устувории онҳо таъмин гардиданд.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
