Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2015
Нашр шуд. Чор, 31/12/2014 - 20:20Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳо, ки хурду бузурги кишварамон бо эҳсоси фараҳу шодӣ ва бо нияту орзуҳои нек соли нави мелодии 2015-умро истиқбол менамоянд, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям ва барои ҳар як хонаводаи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва барори кору дастовардҳои тоза орзумандам.